АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Душоб чи фоида дорад?

Душоб чи фоида дорад?

Душоб —   Ин оби софи меваҳои ширинтаъм аст, ки ҷӯшонида аз чор се ҳиссааш бухор гашта, як ҳиссааш монда бошад. Баъд бар он хоки дӯшоб мезананду мегузоранд, то дурдаи он таҳнишин ва худаш ширин гардад. То хоки мазкурро бар он назананд, хуб ширин намегардад, балки бидуни ин андак таъми туршӣ дорад ва каме нософ мебошад. Инро ба тоҷикӣ ширинӣ мегӯянд. Шириниро мумкин аст аз ангур е аз тути сафед ва ғайра тайёр кунанд.

Душоб

  Мизоҷи ширинии (дӯшоби) ангурӣ дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, хуни солим пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, гиреҳҳоро мекушояд; агар инро бо судоб бихӯранд, барои иллати саръ (припадка) дармон мешавад; агар бо зарпечак бихӯранд, тарсончакӣ ва девонагиро дафъ мекунад; бо тухми маҳсар биёшоманд, шаро (аллергия)- ро ҳамон рӯз ба ибро меоварад; бо анҷир ва ҳулба бихӯранд, барои сурфаи кӯҳна ва дарди узвҳои даруни сина дору мешавад; бо заъфарон биёшоманд, ваҳм, ғам ва ғазаби шадидро дафъ мекунад; инро бо шири тозадӯшида ва андак бодоми ширин бихӯранд, дилтапак (дилбозӣ), лоғарии шадиди бадан, сустӣ ва заифии узвҳои даруни шикамро бо як аҷобате шифо мебахшад; бо андак сирко бихӯранд, зардпарвинро дафъ мекунад, иллатҳои сипурзро ба ибро меоварад; бо оби ҷав биёшоманд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, пешобро равон мекунад.

  Агар ин шириниро бо гулихайрӣ ҷӯшонида гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва пучакҳоро мекафонад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз дӯшоб (ширинӣ) дар як рӯз аз 45 то 90 грамм аст. Агар инро аз ҳад зиёд бихӯранд, хунро месӯзонад, дарди сар медиҳад. Дар ин ҳолат тухми райҳон, сиканҷабин (сиркоасал) ва туршиҳо бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …