АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Мис дар Китоби дард ва Шифо

Мис дар Китоби дард ва Шифо

Мис-   ин аз фулуззот аст ва ранги миси соф сурхтоб мебошад.   Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: чун мисро чанд рӯз дар сирко бигузоранд, баъд он сиркоро бо ҳино хамир сохта гузошта банданд, назла ва сурфаро манъ мекунад, инчунин мӯйро аз рехтан нигоҳ медорад. Агар инро ба чашм кашанд, чашмро тез ва сахтии пилкҳоро дафъ мекунад.

мис

Чун мӯйро бо минқош (мӯчинак)-и ҳафтҷӯш бикананд, вай дигар намерӯяд.   Маҳлули мисро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, зардобро аз бадан бо исҳол дафъ мекунад, инчунин истисқо (водянка)-ро, ки дар ҳолати ибтидо бошад, шифо мебахшад. Ва ҳам бардавом молиданаш низ ҳамин таъсирро дорад.

Мисро соида бихӯранд, қайро бармеангезад. 2,25 грамми онро бихӯранд, обияти истисқоро бе ҳеч гуна азият дафъ мекунад.

Резаҳои майдаи мисро бо дудае, ки дар пушти дег ва ғайра ҷоҳо часпида мебошад ва оби лиму якҷо карда, занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.

Мисро соида, батанҳойӣ ё бо равғани гов, ё бо шири навдӯшида , батакрор биёшоманду қай кунанд, заҳрнокшавиро, аз хӯрдани афюн дафъ мекунад, ки ин гуфта дар китоби дарду шифо зикр ёфтааст.

Вале чизҳои турш, маҳсулоти шири гӯштҳо, чизҳои намакин, талх ё чарбро дар зарфи миси қалъагӣ нодавонида муддати дароз монда бошанд, бихӯранд, бисёр зарарнок аст, инчунин дар зарфи қалъагӣ давонда, ҳам муддати дароз нигоҳ дошта шуда бошанд, бихӯранд, зиён мекунад. Аз ҳама бадтар аст агар моҳии бирёнкарда гармогарм дар зарфи миси болояш пӯпида шаб монда бошад, хеле зарарнок мебошад, зеро ки ин ҷо занги зарарнокаш ба он мечаспад. Худи занги мис заҳр аст. Давои ин зарараш шири навдӯшида хӯрда, қай кардан аст ва шӯрбои равғандор, ки обгӯшт меноманд, хӯрдан аст.

  Миси ношустаро бо асал сиришта бимоланд, решҳои раддии бадфиол ва давандаро шифо мебахшад, гӯшти ҳароми захмҳоро мехӯрад (гуфта шудааст дар китоби дард ва шифо). Миси шустаро бимоланд, ҷароҳатро ба ҳам меоварад. Агар ин миси шустаро бо асал сиришта бимоланд, решҳои ба ҳам якшаванда ва баданҳои сахтрю ба ибро меоварад, барои қӯтур ва хориш шифо мебахшад, варамҳоро таҳлид медиҳад, сустӣ ва мондагии аъзоро дафъ мекунад

Оберо, ки дар зарфи мис дар офтоб гарм шуда бошад, истеъмол кардан ё бо он шустушӯ кардан иллати песро ба амал меоварад, хусусан он обро батакрор истеъмол намоянд, ин иллат сурат мегирад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

солончак

Шӯра -дар заминҳои шӯразор

Шӯра — ин чизе мебошад, ки мо дар заминҳои шӯразор мебинем, рангаш монанди қирав аст. …