АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Шоҳтут ва хусусияти табобатии он

Шоҳтут ва хусусияти табобатии он

Шоҳтут — Мизоҷи самари шоҳтут дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст, хушкиаш қабзиятноктар, яъне гиранда ва бандкунандаи дарун ва ҷараёни моддаҳост.

Хислатҳои шифобахши он: агар самари расидаи шоҳтутро бихӯранд, моддаҳои сахтшударо дар бадан мулоим мегардонад, фишори баланди хунро паст мекунад, хилти сафроро тит ва пароканда месозад, варамҳои гарммизоҷиҳалқро мегарлонад ва таҳлил медиҳад,  инчунин : намегузорад, ки моддаҳои гарммизоҷи бегона аз боло ба ҳалқ забон ва дигар узвҳо рехта шаванд, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро ба таом мекушояд.

шохтут

Агар бо оби самари шоҳтут ғарғара кунанд ё он обро дар даҳан гардонанд, решҳои радди, ҷӯшиши даҳан ва обилаҳои он, варамҳои ҳалқ, ком ва забонро дафъ мекунад. Агар ба оби он оби коснӣ ва оби кашниз ҳамроҳ карда, ин амалро баҷо оваранд таъсираш қавитар мегардад.

Хӯрдани меваи шоҳтут захми рӯдаҳо, исҳолҳои гарм ва хунинро шифо мебахшад. Хусусан хушки онро бо оби кашнизи тар ва оби коснӣ бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз ҳар ҷоҳои бадан ба меъда рехта шаванд.

Вале аз ҳад зиёд хӯрдани меваи шоҳтут ба узвҳои даруни сина, шуш ва асаб зарар дорад. Дар ин маврид асал ва оби анор ошомидан даркор аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …