АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Нефт ё худ Нафт — хусусияти табобадии он

Нефт ё худ Нафт — хусусияти табобадии он

Нефт — ин рутубати равғании тундбӯй аст, ки аз қаъри баъзе заминҳо монанди зифт ва қир ҷӯшида бармеояд. Нефт ду навъ мебошад: сиёҳ ва сафед. Сафеди он беҳтар ва латифтар аст ва аз сабаби латофаташ зуд ба ҳаво омехта мегардад. Вале нефти сиёҳ ба он андоза латиф нест, балки фақат бо тақтир (дистилляция) сафед мегардад.

нафт

  Мизоҷи нефт дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: нефт ҳамчун даво аз аксари равғанҳо қавитар аст. Агар инро бинӯшанд ва бимоланд, гиреҳҳоро мекушояд, зуд таъсирбахш аст, гудозандаи сахтиҳо ва давои ҳамаи бемориҳои аз сардӣ баамаломада мебошад.

  Нефтро бимоланд, каҷ шудани рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), ларзак, кузоз (столбняк), карахтӣ, суст ва нотавон шудани аъзо ва аксари дард ва иллатҳои дигари сард ва тармизоҷро шифо мебахшад; бодҳоро пароканда мекунад, яъне таҳлил медиҳад, дарди буғумҳо ва монанди инҳоро ба ибро меоварад.

  Агар инро дар чашм бикашанд ё бимоланд, фуромадани зардобро ба даруни гавҳараки чашм шифо мебахшад ва гули чашмро нест мекунад.

  Инро нимгарм дар гӯш чаконанд, карии гӯш ва бодҳои даруни онро , ки садоҳои гуногунро ба амал меоваранд, дафъ мекунад.

  Нефтро бихӯранд, сурфаи кӯҳна, зуднафасӣ, дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафас, хун қай кардан ва бавосирро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, кирмҳои меъда ва мақъадро хориҷ мекунад, бодҳои узвҳои даруни шикамро таҳлил медиҳад, дарди рӯдаҳоро сокин мекунад ва сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро сиҳат мекунад.

  Пахта ё латтаро ба нефт олонда, занҳо аз таг бардоранд, хунукии бачадонро барҳам медиҳад ва хафа (бӯгма) шудани гулӯгоҳи онро, ки беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад.

   Нефти сафедро бимоланд, карии ҳайвонотро дафъ мекунад.

  Истеъмоли нефт барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад, давои ин зиёнаш сирко ошомидан аст; ба шуш ҳам зиён мекунад — дар ин ҳолат катиро бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

  Миқдори як бор ошомидан аз нефти сафед дар як рӯз аз 1 то 2,25 грамм ва аз сиёҳи он то 4,5 грамм аст.

  Хоҳ сафед ва хоҳ сиёҳи онро бихӯранд, ҳамаи навъҳои заҳрро аз бадан дафъ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …