АСОСӢ / admin (страница 2)

admin

Даҳанифаранг

dahani-farang

Даҳанифаранг—   Ин чизи маълум аст, ки ба русӣ медний купорос меноманд. Рангаш сабзи тира.   Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Ҳамаи давоҳо, ки мизоҷи дараҷаи чорум дошта бошанд, аз ҷумла даҳанифаранг ҳам хислати заҳрнокӣ доранд. Бинобар ҳамин инро ба дарун банудрат истеъмол мекунанд.   Хислатҳои шифобахши он: …

Прочитайте больше»

Тӯтиё (дудиё) — хусусияти тиббии он

tutiyo

Тӯтиё —  асли ин калима тоҷикӣ — дудиё мебошад, вале дар таъсири забони арабӣ монда тӯтиё гаштааст.   Тариқи гирифтани тӯтиё чунин аст: Вақти сурбро аз маъданаш бароварда, ҳангоми гудохтан кӯкаи оташдони онро дутабақа месозанд. Қабати якум ҷоест, ки оташ меафрӯзанд. Ба дарозии як ваҷаб аз лойи часпак қаламҳо сохта, …

Прочитайте больше»

Сурма ва хислати он

surma

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд онро дар об андохта шустушӯй медиҳанд. Сурмаи шустагӣ барои даво латифтар ва форамтар мегардад.   Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Ба қавли Абӯалӣ ибни Сино, мизоҷи ин дар дараҷаи якум …

Прочитайте больше»

Рими оҳан ва хусусияи шифоии он

rimi-ohan

Рими оҳан  — инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақти гудохтани оҳан ё сахт тафсонидан аз он ҷудо ва дар таги кӯра шах шуда мемонад. Инро дажғоли оҳан ҳам мегӯянд ва ба русӣ шлак мехонанд. Ин беҳтарини римҳои фулуззот аст. Инро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он …

Прочитайте больше»

Оҳан — метли шифобахш

metalloprokat

Оҳан — ин фулуззи машҳур аст.  Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст.  Хислатҳои шифобахши он: оби оҳантофта, яъне оберо, ки оҳангарон оҳан ё фӯлоди тафсонро дар он сард мекунанд, биёшоманд, боҳро бағоят қувват мебахшад, дарунро мебандад, ҷароҳати рӯдаҳоро ба ибро меоварад, бавосирро дафъ мекунад, варами сипурзро …

Прочитайте больше»

Сафол — зарфи шифобахш?

safol-

Сафол — Ин зарфест маълум, ки аз гили пухта ва маҳсули кулол мебошад.  Мизоҷаш бисёр хушк асг ва бо андак гармӣ.   Хислатҳои шифобахши он; ҳамаи навъҳои онро кӯфта гузошта банданд, варамҳои мулоимро тахдил медиҳад, захмҳои узвҳои хушкмизоҷро, ки монанди: ғузруф (тағояк) ва барои даридаии пӯсти бадан даво мешавад. Сафоли навро кӯфта, …

Прочитайте больше»

Чистон бо забони точики бо чавобхо

Китоби чистон

Китоби муаммо бо чавобхо, чистонхои точики бо чавобаш,  муаммо ва чавоб, муаммохо бо чавобхо, чистонхо барои кудакон бо чавобхо, китоби чистонхо, чистонхои халки точик, саволнома. Бепул гирифтанаи китоб Скачать >>>

Прочитайте больше»

Гӯгирд ва хислати он

oltingugird

Гӯгирд —  Ин калимаи қадими тоҷикӣ мебошад. Баъдтар ба сабаби пайдо гаштани гӯгирди оташзада инро олтингӯгирд ва хомгӯгирд ҳам номидан гирифтанд, инро ба забони арабӣ кибрит мегӯянд ва ба русӣ сера мехонанд. Гӯгирд чор навъ асг сафед, зард, сурх ва сйёҳ. Сурхи он шаффоф, софи барроқ ва дар кони худ …

Прочитайте больше»

Мӯмиё ва хислати табобати вай

mumie

Мӯмиё —  Ин калима аслан юнонӣ буда, маънояш баданро аз бадиҳо нигоҳдоранда мебошад. Баъд ин калима ба халқхои форсизабон гузашта ва онҳо ба охири калима «и»-и масдарӣ илова намуда «мӯмиёӣ», гуфтаанд. Дар тибби қадим низ ҳамин тавр номида шудааст. Вале дар забони тоҷикӣ шакли юнониаш усгувор мондааст.   Ин чизест, …

Прочитайте больше»