Ҷадвор — Инро дар забони қадимаи форс-тоҷик моҳпарвин меномиданд. Баъдтар бинобар аксари дардҳоро «зада» дафъ карданаш «задвор», яъне заданвор гуфтанд ва ин калима дар таъсири забони арабӣ монда, ҷадвор гаштааст. Ин решаи гиёҳест гулаш бунафш, баргҳояш ба баргҳои чинорак мемонад. Соқаш, яъне пояаш аз 25 то 70 сантиметр мехезад.
Вале дар ҷаҳон панҷ навъ ҷадвор мавҷуд аст:
- Ҷадвори бунафш, ки ин решаест ба ғафсии ангушт ва аз он бориктар низ, дарозиаш ҳам ба миқдори ангушти даст аст, монанди думи каждум гиреҳдор. Аз мобайни гиреҳҳои ин чун дар нӯги пистон бошад, решаҳои борик рӯйидааст, ранги берунаш сиёҳ ва мағзи решааш лоҷвард аст. Бинобар ҳамин инро ҷадвори бунафш меноманд. Ин дар бобати шифобахшӣ дар ҷойи якум мавқеъ дорад. 2. Берун ва даруни решаи ин аз ҷадвори бунафш бо тирагии ранги пӯст ва зардии дарунаш фарқ мекунад ва аз дигар ҷиҳат сохташ ба
навъи якум монанд аст ва мавқеъи ин дар ҷойи сонӣ мебошад.
- Зоҳир ва ботини решаи он — ҳар ду сиёҳ мебошад. Ин аз ҷиҳати шифобахшӣ баъд аз навъи дувум мақом дорад. 4. Решааш моил ба сиёҳӣ, низ чун дигарҳояшон талх аст дар таъм ва ба миқдори самари олуболу мешавад. 5. Ҷадвори андалусӣ аст, ки ба арабӣ антула меноманд ва ба тоҷикӣ парпӣ мегӯянд.
Дар мамлакати мо се навъи ҷадвор вомехӯранд, ки ҳамаи инҳо беҳтарини ҷадворҳо мебошанд. Қисми якум — ҷадвори бунафш ва қисми дувум — ин ҳар ду дар каторкӯҳҳои Чатқали Қирғизистон мерӯяд. Қисмҳои севум ва чорум дар Ҳиндустон ва Эрон макон доранд. Қисми панҷум, ки ба тоҷикӣ парпӣ меноманд, дар диёрҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар саҳроҳои водии Ҳисор ва водии Зарафшон) мерӯяд. Дар хусуси парпӣ алоҳида таваққуф менамоем.
Агар решаи холиси ҷадворро нигоҳ доранд, қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад. Ва агар қивомашро дар зарфи шиша ё дар салафан баста нигоҳ доранд, солҳои дароз дар қуввати худ содиқ мебошад. Беҳтар аз ҳамааш қивомкардаи ин мебошад ва гирифтани қивоми он чунин аст. Решаҳои ҷадворро дар дег ё дар зарфи сирдор дар об муддате меҷӯшонанд, то ки қувваташ ба об гузарад. Баъд он обро, ки сипсиёҳ метобад, ба воситаи дока соф намуда, дар тағорае ё дар лаган хоҳ дар офтоб ва хоҳ дар соя бигузоранд, обаш парида, ҷадвори холисаш дар зери тағора ба шакли қивом боқӣ мемонад.
Баъди он, ки решаҳоро дар об ҷӯшонида бошанд, яке аз он решаҳоро бо забон бичашанд, талхиаш боқӣ мондаасг ё не. Агар талхии он дарк гардад, аз нав бояд биҷӯшонанд ва илло не. Дар тибби қадима ва алҳол аз ин беҳтар давои сода вуҷуд надорад.
Мизоҷи ҷадвор дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, куллан тарёқ аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ҷадвор фараҳ меоварад, қувватҳои ҳайвонӣ (ҷисмонӣ), нафсонӣ (рӯҳӣ) ва табиии баданро афзунӣ мебахшад ва мустаҳкам мекунад, узвҳои раиса (яъне дил, майна, меъда, ҷигар, гурда ва хояҳо) ва инчунин узвҳои даруни шикам ва даруни синаро қавӣ мегардонад; бар зидди ҳамаи заҳрҳои гарммизоҷ ва сардмизоҷ тарёқ мебошад, тамоми гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, моддаҳои дағал ва ғафси дар бадан пайдошударо нарм ва мулоим мегардонад, инчунин узвҳои шахшӯлро нарм месозад. Агар инро ба варамҳо ва решҳо гузошта банданд, ҳам онҳоро мепазонад ва ҳам таҳлил медиҳад, ба узвҳои дардманд гузошта банданд, дарди онҳоро сокин мекунад. Инчунин агар инро бихӯранд, дардҳои ботиниро таскин медиҳад, баданро фарбеҳ мекунад, чашм ва дандонро пурқувват ва мустаҳкам мегардонад, иштиҳои таомро бармеангезад, қуввати боҳ (пушти камар)-ро меафзояд ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад; барои бемориҳои вобаста ба феъли мағзи сар ва асабҳо, монанди: саръ, фолиҷ, лиқва (каҷ шудани рӯй), ларзак, сустӣ ва нотавонии узвҳо, карахтӣ, истисқо (водянка), зардпарвин, сустии меъда (яъне аз ҷойи худ поён фуромадани он), резонидани сангҳои гурда ва хичак, кулинҷ (колит) ва душвории шошидан дору мебошад, ахлоти бадбӯйи баданро ислоҳ менамояд ва таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.
Ба микдори донаи ҷуворимакка ҷадворро бо шароб бихӯранд, заҳри морҳои қаттол, заҳри каждум (ҳатто каждуми ҷаррораро, ки аз камоли қуввати заҳр думашро кашида меравад), заҳри ғунда ва дигар ҳайвонотро дафъ мекунад, инчунин заҳри оишро, ки аз гиёҳҳои қаттолтарин аст, нест менамояд. Агар ҳар рӯз ба андозаи донаи биринҷ се маҳал аз қивоми ин биёшоманд, дард ва варамҳои ботиниро дафъ мекунад, исҳолро мебандад.
Ҳар рӯз донаи гандум барин аз қивоми ин бо гулоб то 7 ва 10 рӯз ё бо шароб, ё бо шарбати абрешим ва ё бо шарбати говзабон биёшоманд, дилро хурсанд ва сустии ин узвро дафъ мекунад; дилтапак (дилбозӣ) ва фишурда шудани дилро, ки хусусан аз сардӣ бошад, шифо мебахшад, инчунин ваборо дар рӯзҳои вабо дафъ мекунад. Агар ин миқдор ҷадворро батанҳоӣ ё бо гулоб бихӯранд, дарди буғумҳоро таскин медиҳад ва ба ибро меоварад; агар бо гулоби гарм бихӯранд, дарди меъдаро таскин медиҳад; ба андозаи биринҷ онро бо сиканҷабин биёшоманд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд; ин микдор қивоми онро бо шираи сагангур ё бо шираи тухми коснӣ чанд рӯз биёшоманд, гиреҳи мосориқоро мекушояд (мосориқо — мӯрагҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо ғизои ҳазмёфта аз рӯдаҳо ба ҷигар кашида мешавад), истисқоро шифо мебахшад.
Ҳар рӯз се маҳал донаи гандум барин аз қивоми ҷадвор то даҳ рӯз бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро, ҳар навъ ки бошанд, майда карда мерезонад; бо шираи сагангур ва ё бо шираи хори хасак биёшоманд, пешоби бандшударо мекушояд; бо шираи тухми бодиринг ё бо шираи хори хасак бихӯранд, қулинҷи бодиро дафъ мекунад; агар инро бо обе, ки дар он пудина, арпабодиён ва сагангур ҷӯшонида шуда бошад, то ҳафт рӯз бихӯранд, ҳамаи навъҳои таби балғамӣ ва таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад.
Вақте ки душвории дарди таваллуди зан наздик расад, ба миқдори донаи гандум аз қивоми ҷадвор бо оби сагангур ё бо оби ҳулба ва ё бо шираи хори хасак бихӯранд, зодан осон мегардад. Агар бача дар шиками модар мурда, аз худ заҳр ҷудо карда, модарро заҳролуд гардонида ё дар аснои таваллуд хуни бисёр рафта, занро заифу бемадор сохта бошад, ҳар рӯз се маҳал ба андозаи донаи гандум ақаллан то ҳафт рӯз бихӯрад, ӯро тани сиҳат мебахшад, дурусттараш аз марг наҷот медиҳад да ,барои саръи тифлон донаи арзан барин аз ин қивом бо шири модараш бихӯронанд, даво мешавад; инчунин ҳамаи бемориҳои тифлонро, ки вобаста ба феъли майна бошанд, ба ибро меоварад.
Агар ҷавони калонсол ба иллати саръ (припадка) гирифтор бошад, микдори донаи ҷуворимакка аз қивоми ин бо шарбати говзабон як бор ба ӯ бихӯронанд, сиҳат мебахшад, вале агар бардавом бихӯронанд, ин бемориро авҷ мегиронад.
Табибони ҳозиқи Ҳиндустон истеъмоли бардавоми ҷадворро боиси фарбеҳ шудани бадан медонанд.
Қивоми ҷадворро дар сирко ҳал намуда бимоланд, варамҳои сардро мепазонад ва таҳлил медиҳад, хусусан варамҳои хатарноки паси гӯш, зери бағал ва каши ронро, ки се-чор бимоланд, дафъ мекунад. Барои дарди гулӯи шадид, ки аз ҷамъ шудани хун дар он мавзеъ бошад, барои ханозер (хукгардан) ва дигар варамҳом гулӯ ҷадвор даво мебошад, инчунин тоун (чума), ки реши мӯҳлиқ аст, вабо (халера), ки реши тоунро ба амал меоварад, доғи пес, доғи сафеди пӯст, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари гуногуни пӯст ва дардҳои буғумҳоро , бо мудовамат бимоланд, шифо мебахшад. Агар инро бо кӯфтаи чанд дона мурч ҳамроҳ карда бимоланд, варамҳои сардро ва агар дар оби кашниз мулоим карда бимоланд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад. Ва агар қивоми инро батанҳоӣ бимоланд ё бо оби кашниз ва ё бо сирко сиришта бар пушти чашм бимоланд, варамҳои пилкҳои чашмро таҳдил медиҳад. Агар инро ба дандон бимоланд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад, бар бавосир бимоланд ҳам, дардашро сокин мекунад, инчунин варамашро низ мегардонад. Агар худи инро батанҳоӣ ба зери ноф бимоланд, захми хичакро шифо мебахшад ва пешоби бандшударо мекушояд. Камтареро аз он дар об ҳал карда, ба чашм чаконанд, дарди чашмро, ки сабабаш хунукӣ бошад, сиҳат мебахшад. Агар маҳлули инро бо чакрарез дар сӯрохи закар гузаронанд, пешоби баста ва рими бандшударо мекушояд.
Решаи хушки онро ос карда, ба ҷароҳатҳо бипошанд, хуни равони онҳоро мебандад ва онро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Қивоми ҷадворро бо равғани зайтун ё равғани гули- сурх даромехта бимоланд, бемориҳои вобаста ба ҳолати майна ва асабҳо бошанд, монанди саръ, сакта (мурда барин беҳаракат мондан), фолиҷ, каҷ шудани рӯй, сусту нотавон гаштани узвҳо, ларзак, карахтӣ ва амсоли инҳоро нафъ дорад; инчунин, майна, асабҳо ва қувватҳои ин аъзорю мустаҳкам мегардонад.
Хуллас, ин давои азим-ун-нафъи бисёрхислат барои аксари бемориҳо, хусусан барои иллатҳои аз сардиву тарӣ баамаломада батанҳоӣ ва ё бо давоҳои муносиб ҳамроҳ намуда, ҳар иллатро шифо мебахшад, хоҳ ба дарун истеъмол кунанд, хоҳ гузошта банданд ва хоҳ бимоланд. Ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки 120 беморӣ ва иллатҳои асосӣ, ки аз сардӣ бошанд, аз истеъмоли ҷадвор наҷот меёбанд ва барои бемориҳои аз гармӣ баамаломада бо шарбат, шаробҳо ва обҳои гиёҳҳои сардмизоҷ даво мешавад.
Микдори як бор хӯрданаз решаи хушкаш дар як рӯз аз 0,25 то2 грамм аст. Ҳангоми истеъмолаш ба дарун синну сол, мизоҷи бемор, ҳарорати ҳаво ва фаслҳои солро риоя кардан шарт аст.Зеро мизоҷи ин гарм мебошад,аз ин боис дар фасли гармо микдори кам бояд ошомид. Аммо аз қивомаш микдори як бор ошомидан аз миқдори донаи арзан то ба андозаи донаи гандум аст, инчунин барои қувват бахшидани боҳ, модом ки барои ин як бор ҳамагӣ мехӯранд, то ба микдори ду донаи гандум кифоя асг; барои бемории истисқо ҳар рӯз ду-се маҳал ба андозаи донаи гандум истеъмол тавон кард.
Агар ҷадвор ёфт нашавад, ба ҷойи ин барои бемориҳои аз сардӣ рӯйдиҳанда тарёқи форуқ (тарёқи кабир)-ро, ки аз 62 даво таркиб меёбад, баробари вазни ҷадвор истеъмол кардан мумкин аст.
Огоҳ намоем, ки хӯрдани ҷадвор ба одамони гарммизоҷ ва гарму хушкмизоҷ зарар дорад: дарди сар меоварад, дар рӯдаҳои онҳо реш ва захм пайдо мекунад. Агар ин тавр зиён кунад, сиканҷабин, шири навдӯшидаро, ки оҳани тафсонро дар он сард карда бошанд, инчунин бо оби ҷав ва оши ҷав истеъмол намоянд, зиёнаш ислоҳ меёбад.