АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Хушоб чист? ва чи фоида дорад?

Хушоб чист? ва чи фоида дорад?

Хушоб — Ин оби меваҳоест, ки дар об бо шакар ҷӯшонида шуда бошад, инро ба русӣ компот меноманд. Мизоҷи ҳамаи хушобҳо латифтар аст аз худи меваашон.

Хислатхои шифобахши Хушоб (компот): хусусияти ҳар яке ба он, ки аз он тайёр карда мешавад, хос аст. Масалан, хушоберо, ки аз олуболу тайёр карда бошанд, биёшоманд, шиддати ташнагиро мешиканад, тафси баданро таскин медиҳад, моддаи дар бадан сӯхтаро ислоҳ мекунад ва дарди сипурзро дафъ месозад.

хушоб

Агар инро аз биҳӣ тайёр карда бошанд, узвҳои раиса, яъне дил, майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳоро қавӣ мегардонад; инчунин ҳар сеи рӯҳро, яъне рӯҳи нафсониро, ки ин қувват вобаста ба мағзи сар аст, рӯҳи ҳайвониро, ки ин қувват вобаста ба дил аст ва рӯҳи табииро, ки ин қувват вобаста ба ҷигар аст, қувват мебахшад; инчунин қуввати ҳозимаро, ки вобаста ба ҳоли узвҳои ҳозима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз) аст, зиёда мегардонад ва бӯйҳои бади моддаҳои баданро дафъ мекунад. Агар хушобро аз себ ҳосил намоянд, дилтапак (дилбозӣ), беҳузур (беҷо) шудани дил, иллати сафровӣ, тафс ва гармии ҷигар, зардпарвин, истисқо (водянка)-и гармиро ба ибро меоварад. Агар инро аз мавизи ангур пухта бошанд, овозро соф мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, зардпарвинро шифо мебахшад. Аз ҳама камфоидатарин хушоб аз зардолу тайёр кардашудаи он аст, зеро он боднок мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …