АСОСӢ / Маориф / Ҳикоя чист?

Ҳикоя чист?

Ҳикоя (калимаи арабй — нақл, ривоят, сухан аст) як Назарияи навъи асарҳои ҳамосй мебошад. Ҳикоя асари адабиёт  хурди бадеӣ буда, як воқеаро аз зиндагӣ ва ҳаёти инсон дар бар мегирад. Муҳимтарин хусусияти ҳикоя ин аст, ки дар он воқеа аз ҷиҳати замону макон ва ҳаҷм маҳдуд ва фишурда мебошад. Нависанда ягон ҳодисаро аз ҳаёти ин ё он шахс ба тасвир гирифта, хусусияти муҳимми зиндагии ӯро ба воситаи ҳамин лавҳа тасвир менамояд.

Саъди шерози

Дар китобҳои адабӣ, таърихӣ, динӣ ва тасаввуфӣ ҳикояҳои зиёде оварда шудаанд. Намунаи комили ҳикояҳо дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ба назар мерасанд. Ҳамчунин, дар асарҳои манзуми «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра ҳикояҳои бисёр ба назар мерасанд.

Аксари ҳикояҳои адабиёти классикӣ дар асоси як ҳодисаи хурд фароҳам омада, дар онҳо миқдори ками персонажҳо ширкат меварзанд. Дар чунин ҳикояҳо зиддият сода буда, нақли воқеаҳо мавқеъ доранд. Ғайр аз ин, дар ҳикояҳои адабиёти классикии тоҷик мавзӯъҳои пандуахлоқӣ зиёдтар мушоҳида мешаванд ва мундариҷаи ҳикояҳои насрӣ бо порчаҳои шеърӣ ороиш ёфтаанд. Таваҷҷуҳ намоед ба як ҳикояи Саъдӣ:

«Ду дарвеши хуросонӣ мулозими[1] суҳбати якдигар сафар кар- данд. Яке заиф[2] буд, ки ба ҳар ду шаб ифтор кардӣ ва дигаре қавӣ[3], ки рӯзе се бор хӯрдӣ. Қазоро бар дари шаҳре ба туҳмати ҷосусӣ гирифтор омаданд. Ҳар дуро ба хонае карданд ва дар ба гил ба- роварданд. Баъд аз ду ҳафта маълум шуд, ки бегуноҳанд. Қавиро диданд мурда ва заиф ҷон ба саломат бурда. Дар ин аҷаб монданд.

Ҳакиме гуфт:

— Хилофи ин аҷаб будӣ. Он яке бисёрхор буд, тоқати бенавоӣ наёвард, ба сахтӣ ҳалок шуд. Ва ин дигар хештандор[4] буд, лоҷарам дар одати хештан сабр карда ва ба саломат бимонд.

«Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро, Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.

Ва гар танпарвар аст андар фарохӣ, Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад».

Ин ҳикояи ҳаҷман хурд бо забони шево эҷод гардидааст. Су- жет ба воситаи образи ду дарвеш фароҳам омадааст. Воқеа ба тас- вири ҷузъе аз симои зоҳирӣ (яке заиф, дигаре қавӣ) ва ҷузъе аз хис- лату табиати (яке қаноатпеша, дигаре боиштиҳо) ду дарвеш инки- шоф меёбад ва мундариҷаи ҳикояро сухани ҳаким ба анҷом мера- сонад. Нависанда ба воситаи порчаи шеърӣ рӯҳи пандуахлоқии ҳикояро тақвият медиҳад. Дар ин ҳикоя ягон калима ё таркиби зиёдатӣ, ки боиси тафсилоти фикр гардида бошад, нест.

[1]   Мулозим — ҳамроҳ.

[2]   Заиф — суст, камқувват.

[3]   Қавӣ — калон, бузургҷусса, пурқувват.

[4]   Хештандор — эҳтиёткор, парҳезкор.

Тағйирот дар жанри хикоя

Аз нимаи дувуми асри XIX сар карда, дар жанри ҳикояи тоҷик тағйирот ба вуҷуд омад. Аз ҷумла, дар адабиёти маорифпарварӣ ва ҷадидӣ доираи мавзӯи ҳикоя васеъ гардид,

масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ, воқеаҳои мухталифи реалию бофта дар ҳикоя ворид шуданд.

Баъдтар, аз солҳои 20 ва 30-юми асри XX сар карда, дар зери таъсири адибони рус ва Аврупо дар шаклу услуби ҳикоянависии адабиёти тоҷик тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Дар ҳикояҳои давраи нави адабиёти тоҷик услуби реалистии тасвир мавқеъ пайдо намуд. Ин ҳолат дар ҳикояҳои Ҳаким Карим, Пӯлод То- лис ва Фазлиддин Муҳаммадиев равшан ба назар мерасад. Ҳаким Карим дар адабиёти тоҷик нахустин силсилаи ҳикояҳоро офарид. Образи асосии ҳикояҳои «Бева», «Кампир» ва «Раиса» як кас — Одинамоҳ мебошад. Ҳамчунин, Ҳаким Карим ба соданависӣ ва кӯтоҳбаёнӣ диққати ҷиддӣ медод. Ба порчаи зерини ҳикояи «Хап- пак» таваҷҷуҳ намоед: «Чароғ зихна[1] буд. Равшании он аз дав- ра дур намерафт. Ҳаво сарднамо буд. Аз як гӯшаи ин говхонаи дирӯза тик-тик борон чакида, манмании худро дар амал нишон медод. Изғирин[2] гоҳ-гоҳ аз тарқиши дар ба хона медаромад, за- бони оташи лампаро мерақсонд. Нисфи болоии шишаи лампа аз шаби дар берун будагӣ монданӣ надошт».

Устоди ҳикояи рус А.П. Чехов оид ба бандубасти (композит- сияи) ҳикоя фикри ҷолиб баён кардааст: «Медонед, чӣ тавр на- виштан даркор аст, ки ҳикоя нағз барояд? Бояд вай ягон чизи бар- зиёд надошта бошад. Худи саҳни киштӣ барин: дар он ягон чизи зиёдатӣ нест — дар ҳикоянависӣ низ ҳамин хел кардан лозим». «Ба- родарон», «Баҳор», «Муаллим» ном ҳикояҳои П. Толис, «Даъво», «Рӯзи дафни Усто Оқил», «Роҳ» ном ҳикояҳои Ф.Муҳаммадиев ба ин талабот мувофиқ меоянд.

Баъзан, дар ҳикоя воқеа ва амалиёту муносибати персонажҳо мавқеъ надорад ва мундариҷаи он ба воситаи ҳиссиёту андешаи муаллиф оид ба ҳаёти ҷомеа фароҳам меояд. Чунин ҳикояро ҳикояи лирикӣ меноманд. Дар адабиёти тоҷик «Баҳор» ва «Мо- нанди гул нашкуфтӣ»-и Ҳаким Карим намунаи ҳикояҳои лирикӣ мебошанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Хусусияти жанри ҳикояро номбар кунед.
  2. Ҳикояи Саъдии Шерозӣ — «Ду дарвеши хуросонӣ»-ро тахдил намоед.
  3. Дар жанри ҳикояи тоҷик дар кадом аср тағйироти ҷиддӣ рӯй дод ?
  4. Дар ҳикояҳои давраи нав кадом услуби тасвир мавқеъ дорад?
  5. Нависанда А. П. Чехов оид ба бандубасти ҳикоя чӣ гуфтааст?

Чаро «Баҳор» ва «Монанди гул нашкуфтӣ» ном асарҳои Ҳ. Карим- ро ҳикояҳои лирикӣ меноманд ?

[1]   Зихна — хасис, мумсик.

[2]   Изғирин — шамоли сард.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Сотим Улугзода

ФАЪОЛИЯТИ ДРАМАТУРГИИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

Сотим Улуғзода аз аввалин драманависҳои касбии тоҷик аст. Нахустин пиесаҳои ӯ — «Шодмон» (1939), «Калтакдорони …