АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Мӯмиё ва хислати табобати вай

Мӯмиё ва хислати табобати вай

Мӯмиё —  Ин калима аслан юнонӣ буда, маънояш баданро аз бадиҳо нигоҳдоранда мебошад. Баъд ин калима ба халқхои форсизабон гузашта ва онҳо ба охири калима «и»-и масдарӣ илова намуда «мӯмиёӣ», гуфтаанд. Дар тибби қадим низ ҳамин тавр номида шудааст. Вале дар забони тоҷикӣ шакли юнониаш усгувор мондааст.

mumie

  Ин чизест, ки аз ҷисмхои кӯҳӣ, яъне аз мағзи санг дамида ва гоҳо ба обҳои марзикӯҳӣ ҳамроҳ шуда, таровиш мекунад, гоҳе дар мағораҳо, зери кӯҳпораҳо ва шикофу тарқишҳои кӯҳ, ки ҷонварон расида   наметавонанд, сип-сиёҳ ҷамъ ва хушк шуда мемонад. Дар баъзе мавзеъҳои кӯҳистон мумиё ба рӯ медамад. Он дамидаҳоро ҷонварони гуногун ёфта мехӯранд. Дарҳол даруни онҳоро меронад ва мӯмиёи хӯрдаашон ба онҳо хислатҳои шифобахш худро дода, дар ҳамон ҷо бо саргин якҷо хориҷ мегардад ва баъд монанди саргини муш шах ва ҷамъ гашта мемонад. Инро маҳсули таккаи бузи кӯҳӣ гуфтан ва ғайра гумон кардан тамоман беасос аст. Арабҳо инро «арақ-ул- ҷибол», яъне арақи кӯҳсор меноманд. Одамони кордон ҳамаи инро ҷамъ карда мӯмиё тайёр мекунанд.

  Хубтарин мӯмиё аз ҷоҳое, ки ҷонварон расида натавонанд ва дар минтақаҳои сардтар мебошанд, гирифта, баъд тайёр карда мешавад. Аз он чӣ, ки монанди саргини муш бошад, тайёр намоянд, он дараҷа аълосифат намешавад.

  Тариқи тайёр кардани мӯмиёи ҳакиқӣ ин тавр аст. Мӯмиёи хоми кӯҳиро ҳар яке ба микдори санҷид реза- реза карда, дар оби нимгарм тар мекунанду бар болояш дока пӯшида, ҳашт ё даҳ рӯз мегузоранд. Дар ин муддат ҳамаи ҷавҳари мӯмиё чун қанд ҳал гашта, ба таркиби об мегузарад ва чизҳои нодаркораш хуб таҳшин мешавад. Баъд он обро ба зарфи дигар мерезанду дар ҷойи бодваз ва ё ба офтоб мегузоранд. Обаш батадриҷ бухоршавон парида, мӯмиёи холис дар таги зарф ба қивом мерасад. Агар он оберо, ки мӯмиёи хомро тар мекунанд, ақаллан то чил дараҷа гарм кунанд, ҷавҳари пурқимати нозукаш парида меравад — аз ин мӯмиёи аълосифат тайёр намегардад.

  Имтиҳони мӯмиёи волосифат ин тавр аст. Як миқдореро аз он дар миёни ду ангушти даст бигиранд, мӯмиёи хушк ва шах худ аз худ мулоим мегардад. Имтиҳони дувум он аст, ки пойи мурғ ё хурӯсро шикаста, ба он донаи биринҷ барин аз мӯмиё мехӯронанд. Агар дар муддати як шабонарӯз пояш сиҳат ёбад, мӯмиёи холис асг. Имтиҳони севум чунин аст, ки ҷигари гӯсфанди нав кушташударо бо пораи най чок карда, ба он чок мӯмиёро мемоланд. Агар аз ин кор чоки ҷигар ба ҳам бичаспад, мӯмиёи волосифат аст.

  Вале баъзе одамони қаллоб мӯмиёи хомро аз кӯҳ ёфта, ба он панҷ-шаш тор мӯйи бузро часпонада, «мӯмиёи такагӣ» гӯён ба нархи қимат мефурӯшанд ё чизи дигарро, мутаассифона, бо унвони мӯмиё пул мекунанд. Ин, албатта, дар навбати аввал фиребгарист!

  Ранги мӯмиёи аълосифат сип-сиёҳи барроқ ва таъмаш талхи форам мебошад. Мӯмиёи ҳақиқӣ бӯйи бад ва нохуш надорад, балки андак бӯйи нефтӣ аз он шамида мешавад. Мӯмиё қуввати шифобахши худро то чил сол нигоҳ медорад ва баъд бекора мегардад.

  Мизочи мӯмиё дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани мӯмиё рӯҳ ва дилрю қавӣ мегардонад, фараҳ мебахшад, моддаҳои хунукмизоҷи дар бадан бударо пароканда мегардонад, ба узвҳои дохилб ва берунӣ қувват мебахшад, рутубатҳои нодаркори баданро хушк мекунад, ҳамаи қувватҳои баданро нигоҳ медорад; агар моддаҳои ғафс мавҷуд бошанд, онҳоро рақиқ (суюқ) мегардонад, зуд таъсир мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, узвҳои дохилиро аз моддаҳои зарарнок пок месозад; барои ҳиккак (ҳиқичоқ), фолиҷ, ларзак ва каҷ шудани рӯй даво мешавад, ҳар гуна заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад; дарди меъда ва дарди дилро шифо мебахшад, меъдаро мустаҳкам менамояд; гулӯгоҳи бачадони занҳо бӯғма шуда бошад, мекушояд ва ҳамаи бемориҳоеро, ки аз хунукӣ бошанд, шифо мебахшад; иллати хун қай кардан, ҷароҳати хичак, беихтиёр равон шудани пешоб, махавинав саршуда, филпова гаронии забонро даво мешавад; аз газидани каждум озор расида бошад, онро дафъ мекунад, варамҳои хунук ва мулоимро тахдил медиҳад, устухони шикастаро ба ҳам мечаспонад, зарб хӯрданро (хоҳ майна бичалақад ё ҷойи дигар лат хӯрад) нафъ дорад.

  Баробари як вазни ҷав онро бо оби райҳони гӯши муш бихӯранд. барои дарди сари аз хунукӣ суратгирифта дарди нимсар, саръ, чарх задани сар, каҷ шудани рӯй, фолиҷ, суст ва нотавон мондани ягон узв даво мешавад. Ба вазни ду ҷави онро бо обе, ки дар он кокутӣ ва  чокулаи кӯҳи ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд , дуру дароз ва бемаврид сахт хобиданро ба ислоҳ меоварад.

  Ба вазни як ҷави онро бо обе, ки дар он райҳони гӯши муш чӯшонида шуда бошад, бихӯранд, бимоланд, дар бинӣ бирезанд ва дар гӯш бичаконанд, инчунин ба ҷойи оби он райҳони ҷӯшёфта равғани савсани сафед даромехта, дар гӯшу бинӣ бичаконанд, дардҳои кӯҳнаи сарро, ки аз хунукӣ бошанд, инчунин боди майна ва хунукии мағзи сарро шифо мебахшад. Миқдори як ҷави мӯмиёро дар равғани зайтун ва асал ҳал карда, дар бинӣ ва гӯш бичаконанд, бодҳои дар майна ҷамъшударо пароканда мекунад.

  Дар омади гап, гирифтани рағани савсани сафед чунин аст. Масалан, ним литр равғани кунҷиди навро дар зарфи шиша рехта, даруни он равғанро аз гули савсани сафед пур намуда, ба офтоб мегузоранд. Дар муддати панҷ-шаш рӯз рангу бӯй ва  қуввати гул  ба равған мегузарад. Гулро фишурда дур намуда, аз нав гули дигар меандозанд ва ҳоказо, то панҷ-шаш  навбат гулро иваз карда, баъд равғанро соф карда мегиранду нигоҳ медоранд.

  Миқдори як биринҷ мӯмиёро бо обе, ки дар он карафс ҷӯшонида шуда бошад, андохта, ба инҳо зираи сиёҳ дохил карда биёшоманд, барои каҷ шудани рӯй дору мешавад. Чоряк грамми онро бо обе, ки дар он кокутӣ ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, иллати ларзакро дафь мекунад. Миқдори як биринҷи онро дар равғани гули сурх ҳал карда, нимгарм дар гӯш чаконанд ё фатиларо дар он тар карда ба даруни гӯш гузоранд, гарони гӯш, реш, захм ва омадани римро аз он шифо мебахшад. Табиби машҳур Аристотолис гуфтааст, ки мӯмиёро дар равғани бенамаки хук ҳал карда, дар гӯш чаконанд, кариро, ҳатто кари модарзодро шифо мебахшад. Инро бо кофур ё бо оби райҳони гӯши муш даромехта, ба даруни бинӣ чаконанд хуни биниро манъ мекунад, инчунин дигар бемориҳои биниро шифо мебахшад. Миқдори як биринҷ мӯмиёро дар равғани сир ҳал карда, дар бини чакоканд, чарх задани сарро несг мекунад.

  Мӯмиёро бо асал даромехта, ба забон бимоланд, лукнати забонро ислоҳ мекунад ва гаронии онро дафъ месозад.

  Микдори як ҷави онро бо шири хар бихӯранд, иллати хун қай карданро дафъ мекунад, инчунин хуни биниро ҳам манъ менамояд ва агар дар бини чаконанд, низ хуни биниро мебандад.

  Донаи ҷав барин мӯмиёро бо сиканчабинё бо оби наъноъ биёшоманд, дарди шадиди гулӯро, ки аз чамъ шудани хун дар он ҷо ба амал омада бошад, дафъ мекунад 0,2 грамм мӯмиёро бо ширинии тут бихӯранд, дард ва варами ҳалқумро шифо мебахшад. Миқдори як биринҷи онроо бо оби челон ё бо оби сагпистон, ё бо оби ҷав ё бо оби решаи бепӯсти ширинбия биёшоманд, барои дарди гулӯ, ки сабабаш ҷамъ шудани хун бошад, дармон  мешавад Миқдори як биринҷи онро бо оби сагпистон  ё бо оби ҷав се рӯз пайдарпай  ба дили наҳор бихӯранд, сурфаро нест мегардонад. 0,2 грамми онро бо оби наъноъ бихӯранд, дилтапак, (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ дар дил бошад, нафъ дорад.

 0,2 грамм мӯмиёро бо обе, ки дар он зираи сиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, беҳузур (беҷо) шудани дил, дилтапак, сустӣ ва кароқури меьда ва боднокшавии шикамро, ки сабабаш зиёд шудани балғам бошад, шифо мебахшад ва рутубати зарарноки сари меъдаро хушк мекунад; узвҳои даруни сина ва меъда зарб хӯрда бошанд, дармон мегардад. Миқдори як биринҷи онро бо обе, ки дар он зираи сиёҳ ё тухми карафс ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, дарди сипурзро ба ибро меоварад. Миқдори як биринҷи онро бо оби кашнизи тар ё бо оби решаи кавар бихӯранд, дард, пурбод ва бузург гаштани сипурзро ислоҳ мекунад. 0,2 грамми онро бо оби карафси тар ё бо пӯсти решаи кавар бихӯранд, варами ҷанинро шифо мебахшад.

0,2 грамми онро бо шири навдӯшида бихӯранд ё бо камтар шакар фурӯ баранд, барои захм ва дардҳои сӯрохи закару хичак дору мешавад. Ҳар ҳафта як мартаба ба миқдори ду биринҷи онро бо равгани гов бихӯранд, боди бавосирро, ки дарди дар ҳама ҷоҳои шикам даврзананда мебошад, шифо мебахшад, инчунин дардҳои меъдаро низ дафъ мекунад.

  Камтареро аз мӯмиё бо орди гандум хамир карда, дар сӯрохи пушт бардоранд, барои касоне, ки барои нигоҳ доштани пешоби худ сабр надоранд ва касонеро, ки пешобашон беихтиёр равон мегардад, дармон мешавад. Инчунин камтар мӯмиёро бо равғани зайтун даромехта, дар сӯрохи пушт бардоранд, чакмезак ва бесабриро дар пешоб кардан сиҳат мебахшад, инчунин сустии мақъадро (кӯтанро) дар соҳибаш ҳангоми мубошарат баробари хориҷ гаштани манӣ саргинаш ҳам бармеояд, шифо медиҳад.

  Ҳаким Муҳаммади Закариё нақл кардааст, ки касеро маниаш харҷ шуда бошад, хоҳад ки ба зудӣ ба ҳоли аслиаш баргардад, дар вақти ҳаракати мубошарат ҳангоми хориҷ шудани маниаш миқдори ду ҷави мӯмиёро дар 17,5 грамм асали сафед ҳал карда бихӯрад, агар он кас гарммизоҷ бошад, бо шарбатҳои хунукмизоҷ биёшомад, аз нав ҳоли аслиаш барқарор мегардад.

  0,5 ё 0,7 грамм мӯмиёро дар равғани гулисурх ё дар се адад зардии тухми мурғ ҳал карда бихӯрад, барои дарди буғумҳо, беҷо шудани буғумҳо, лат хӯрдани мушак ва асаб, даридан ва канда шудани асаб, шикастани устухон, чалақидани майна ва монанди инҳо даво мешавад. Инчунин хӯрдани он бо шароби соф барои беморӣ ва офатҳои мазкур шифо мебахшад. Барои ҷароҳат ва захмҳои кӯҳна ва носур ба вазни 0,5 грамми онро бо 3,5 грамм равғани обкардаи хук ва ин микдор мӯмиёро бо равғани зайтун даромехта, аз рӯ бимоланд, шифо мебахшад. Барои иллатҳои ботинӣ ва лат хӯрданҳо 0,5 грамм мӯмиёро дар равғани гулисурх ё равғани кунчид ҳал карда бимонанд, нафъ дорад. Агар ба касе тир зада ё ягон ҷойи бадан чок шуда бошад, ба он ҷо бимоланд ва аз дарун низ бихӯранд, сиҳат мегардонад. 0,25 грамми онро бо обе, ки дар он зарпечак ҷӯшонида шуда бошад, ҳафт рӯз пайдарҳам бихӯранд, доғи нави пес, махави нав ва филпоро шифо мебахшад. 0,2 грамми онро бо равғани гов биёмезанду бимоланд, заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад. 0,2 грамми онро бо қанди сафед ё ҳамин миқдорашро бо оби кашнизи тар бихӯранд, газанди заҳрҳоро бартараф менамояд. Миқдори ду биринҷи онро бо оби пудинаи кӯҳӣ (кийикӯтӣ) бинӯшанд, низ таъсири ҳамаи заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад.

  Ҳар рӯз ба дили наҳор ним ё як соат пеш аз ношито ба микдори донаи биринҷ онро бихӯранд, аз варами ҷигар наҷот меёбанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …