АСОСӢ / Маориф / Сотим Улуғзода — Шоир

Сотим Улуғзода — Шоир

Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Волидони Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил будаанд. Мо- дараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст.

Сотим Улуғзода улугзодаСотимхон дар синни нуҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷуёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1929 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад.

Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар Дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ва ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рудакиву Фирдавсӣ ва дигар шаҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, А. Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехурад ва аз забони профессори рус М.С. Андреев пандеро ба маънои «халқи худро шинос» ба гуш мегирад.

Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш С. Улуғзода ба донишҷуйи факултети шарқшиносии Университети Осиёи Миёна Клавдия Благовешенская[1] дустӣ пайдо намуда, баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд ва онҳо соҳиби ду фарзанд — Азиз ва Норахон гардиданд.

Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон — Сталинобод омада, дар идораи рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (ҳоло «Садои Шарқ») фаъолият мекунад. Солҳои 1934-1937 вазифаи котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Фаъолияти журналистӣ С. Улуғзодаро водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳоти тоҷик сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад. Дар айни ҳол, дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик торафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии Маскав дохил гардида, ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад.

Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сотим Улуғзода ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъо- лият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи армия ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси раёсати Иттифоқи нави- сандагони Тоҷикистонро иҷро мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба кори эҷодӣ шуғл меварзад.

Сарнавишти С. Улуғзода баъди солҳои панҷоҳум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз, ки хатмкар- даи Университети давлатии ба номи Ломоносови Маскав буду он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, соли 1967, ҳангоми сафари расмӣ ба Ҳиндустон, аз сафоратхонаи Англия паноҳгоҳи сиёсӣ хоста ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса С. Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шӯравӣ гирифтор гардид. Нависан- даро аз сафи ҳизби коммунист ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд.

Аз нимаи дувуми солҳои 80-ум сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва С. Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн раф- тани Иттиҳоди Шӯравӣ адиб бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Маскавро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод.

Соли 1997 романи «Фирдавсӣ»-и С. Улуғзода ба сифати «Романи сол»-и Ҷумҳурии исломии Эрон пазируфта шуда, на- висанда ба баҳои чиҳил сикаи тилло (баробари чаҳор ҳазор дол- лари америкоӣ) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд, ки соҳибашро дар зиндагиаш дарёфт намуд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода 25 июни соли 1997 дар шаҳри Мас- кав алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахти ҷумҳурӣ тавонистанд, ки дар толо- ри Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо нависандаи маъ- руфи тоҷик видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии С. Улуғзода дар мазори Лучоб қарор гирифт.

Сотим Улуғзода нависандаи сермаҳсул буда, аз худ мероси бойи адабӣ, илмӣ ва публитсистиву тарҷумавӣ боқӣ гузоштааст. Фаъолияти нигорандагии адиб аз айёми таҳсилаш дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд оғоз меёбад. Дар рӯзнома ва маҷаллаҳои «Овози тоҷик», «Раҳбари дониш», «Барои адабиё- ти сотсиалистӣ», «Комсомоли Тоҷикистон» аввалин навиштаҳояш дар шакли хабару мақола чоп мешаванд.

С. Улуғзода 18 сол дошт, ки бо ҳамкории донишҷӯйи факул- тети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести «Сом ва Дик»-и М.А. Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Баъдҳо С. Улуғзода ин соҳаро бомуваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиёти садаи ХХ-и тоҷик эъти- бор пайдо кард. Тарҷумаҳои С. Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э. Л. Войнич «Занбӯр» (1931), В. Билл Белосерковский «Ҳаёт даъват мекунад» (1935), Н. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), К. Белсо- ни «Хидматгори ду хоҷа» (1944), А.Н. Островский «Гунаҳкорони бегуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар» (1953), Шекспир «Ҳамлет» (1970), Молйер «Табиби зӯракӣ» (1972), Сервантес «Дон Кихот» (1974), Ч. Айтматов «Қуллаи Фудзияма» ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик маҳсуб мешаванд.

С. Улуғзода ҳанӯз аз солҳои 30-юм ба тадқиқи осори намо- яндагони шинохтаи адабиёти сеҳазорсолаи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва дар ин соҳа низ хидмати бедареғ анҷом дод. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои
зиёд таълиф намуда, дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузошт.

Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла «Лоҳутии мо» (1933), «Анҷумани якуми нависандагони шӯроии Тоҷикистон» (1934), «Садриддин Айнӣ» (1935), «Дар бораи шоирони Помир» (1935), «Барои асарҳои саҳнавии олисифат» (1947), «Дар бораи баъ- зе масъалаҳои танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар респуб- лика» (1954), ба адабиётшиносӣ ва нақди адабии давраи нави тоҷик бахшида шудаанд. Ҳамчунин, С. Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷоди шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш асару мақолаҳои пурқимат таълиф на- мудааст. Рисолаҳои «Аҳмади Дониш» (1946) ва «Пири ҳакимони Машриқзамин» (1980) дорои қимати калони илмӣ мебошанд.

Мақоми С. Улуғзода дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда ва драматург басо баланд аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. С. Улуғзода зодаи кадом деҳу вилоят аст ?
  2. Кадом солҳо дар Тошканд таҳсил кардааст ?
  3. Дар рӯзгори С. Улуғзода солҳои 1940-1944 чӣ ҳодисаҳо рух дод?
  4. С. Улуғзодаро чаро маҳкум карданд?
  5. Поёни умри Улуғзода дар кадом шаҳр гузаштааст?
  6. Мазори С. Улуғзода дар куҷост ?
  7. Оид ба тарҷумаҳои Улуғзода маълумот диҳед.
  8. Кадом асарҳои илмию танқидии адибро медонед ?

[1] Улуғзода (Благовешенская) Клавдия Александровна (1909-1965) — мутарҷим ва фолклоршинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Назди admin

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …