АСОСӢ / Тандурустӣ (страница 29)

Тандурустӣ

ЛАКЛАК дар Канзи Шифо (Китоб)

lak-lak-aist

Лаклак - парандаи калонҷусса буда, гардану по ва нӯли дароз дорад, ки ба мардум маълум мебошад. Аз чӯбмайда ва хорҳои шахшӯл барои муҳофизати бачаҳои худ ошён месозад. Азбаски душмани бачаҳои он мор аст, худаш морро мехӯрад. Бинобар он, ки хӯрокаш аз ҷонварони номарғуб аст, гӯшташ бадбӯй мебошад. Мизоҷи лаклак дар охири …

Прочитайте больше»

Ҳардал дар Канзи Шифо (Китоб)

Ҳардал

Ҳардал — инро ба русӣ горчица меноманд, ки ҳар як шахсе, ки замин дошта бошад, метавонад парвариш намояд. Барги ин гиёҳ монанди баргҳои турб, вале аз он майдатар, шахшӯл ва андак тундбӯй аст. Пояаш чорқирра, гулаш зард, тухмаш кулӯлаи сурхи тундтаъм аст. Ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Дар …

Прочитайте больше»

Тугмачагул дар Канзи Шифо (Китоб)

Тугмачагул

Ин гиёҳест, ки тоҷикон қалағочкулча ва мӯбофак низ меноманд. Баргаш гирдак, гулаш сурхи моил ба бунафшӣ, тухмаш монанди тугмача гирдаки паҳн аст. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва тар аст, вале ба қавли баъзеҳо, дар дараҷаи дувум мебошад. Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро пазонида барои …

Прочитайте больше»

Гандум дар Канзи Шифо (Китоб)

Гандум

Ин растании зироатӣ ба ҳама маълум аст. Дар тиб аксар дони он истеъмол мешавад. Беҳтарини он гандуми нави пурраи сафеди моил ба зардии он аст ва баъд аз он сафедаш мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар хушкиву тарӣ мӯътадил аст, вале гандуми нави хушкнашудаи он, яъне дулмули он дар …

Прочитайте больше»

Себарга дар Канзи Шифо (Китоб)

Себарга

Себарга (ба русси  Клевер) — як намуди растании хамешасабз, ки ду навъ мебошад: навъи бӯстонӣ ва намуди саҳроӣ дорад. Ду гурӯҳ дорад: гулаш сурх ва гулаш сафед. Беҳтаринаш қисми сафедгули он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатҳои шифобахши бӯстонии он: оби аз себаргаи тар …

Прочитайте больше»

САВРИНҶОН дар Канзи Шифо (Китоб)

Савринҷон

Савринҷон — ин пиёзаки гиёҳест монанди сири (саримсоқи) саҳроӣ, санавбаришакл, андак паҳнтар, ки се навъ мебошад: Берун ва даруни пиёзаки он ҳар ду сафед, таъмаш ширин. Берун ва даруни пиёзаки он ҳар ду моил ба тирагии зард ва сурхтоб. Берун ва даруни пиёзаки он ҳар ду моил ба сиёҳӣ, вале …

Прочитайте больше»

Морчӯба

Морчуба

Морчӯба  — ин калимаи тоҷикист ва ба русӣ спаржа меноманд. Морчӯба растаниест, ки баргҳояш монанди сӯзани борик-борики бисёр мебошад, рангаш сабз аст, ки ба баргҳои сарсабил шабоҳат дорад. Гулаш сафед. Самараш ба андозаи самари сарсабил аст, ҳангоми норасӣ кабуди сабзтоб ва дар вақти расидан сурх мегардад. Ин боғӣ ва саҳроӣ …

Прочитайте больше»

Райҳони гӯши муш дар Канзи Шифо (Китоб)

райҳон

Райҳони гӯши муш — Ин аз намуди райҳонҳои резабарг аст, ки баргҳояш монанди гӯши муш мебошанд, яъне баргаш монанди гӯши муш дарозак, гулаш сафеди пуштиранг, тухмаш монанди тухми райҳони расмӣ мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: дар бобати давогӣ ин райҳон қавитар …

Прочитайте больше»

Мош дар Канзи Шифо (Китоб)

Мош

Мош — ин растанӣ ва дони машҳури зироатӣ аст, ки тухмашро пухта мехӯранд. Рангаш ба сабзи зардтоб моил аст. Мизоҷи мош дар дараҷаи якум сард ва моил ба хушкист. Агар муқашшар карда, яъне аз пӯсташ чудо карда бошанд, баъд мизоҷаш мӯътадил дар тарӣ ва хушкӣ мегардад. Мизоҷи пӯсташ мураккаб-ул-қувват моил …

Прочитайте больше»

Сарсабил дар Канзи Шифо (Китоб)

Сарсабил

Сарсабил — Дар дашт, боғистон ва кӯҳсорҳои Осиёи Марказӣ ду навъи сарсабили шифобахш мерӯяд. Як навъро шохҳояш борик, баргаш монанди баргҳои морчӯба риштавор борик-борик, навъи дигараш бо ҳамон сифат, вале шохҳояш хор дорад. Сохт ва намуди решаи ҳар дуяш ҳам қариб ба ҳамдигар шабоҳат дорад, яъне сиёҳ аст; самараш ба андозаи …

Прочитайте больше»