АСОСӢ / Тандурустӣ (страница 32)

Тандурустӣ

Зардчӯба

Зардчӯба

Зардчӯба ду навъ аст: кӯчак ва калон. Навъи хурдашро момирон меноманд, ки ин зардчӯба нест. Ба забони руссӣ онро «Куркума» меноманд. Вале бузургии он решаи гиёҳест, ки пояаш то 1,5 метр мехезад. Пасту баланд рӯидани он ба обу ҳаво ва қуввати хок вобаста аст. Баргаш васеъ ва дароз-дароз, қариб ба …

Прочитайте больше»

Наск

Наск

Наск — Ин растанӣ ду навъ аст: саҳроӣ ва бӯстонӣ, ки зироат мекунандаш. Тухми саҳроии он назар ба бӯстониаш майдатар ва гирдак мешавад, вале тухми бӯстонӣ — зироатии он кулӯла не, балки паҳнтари гирдак ва калонтар аз саҳроӣ мебошад, саҳроияш талх аст. Мизоҷаш дар гармиву сардӣ моил ба эътидол ва дар дараҷаи …

Прочитайте больше»

Сабир

Сабир

Сабир — Ин растаниро ба русӣ алоэ меноманд. Дар сарзамини мо гиёҳи инро аксар ҳангоми зимистон дар тубакҳо ҷо дода, дар хонаҳо парвариш мекунанд ва дар фаслҳои дигар мумкин аст дар берун, ҳатто дар заминҳо нашъунамо диҳанд. Инро баргаш ғафс, шахшӯл, дароз ва нӯгтез, қисми поёни барги он сербар, бисёр обдор, …

Прочитайте больше»

Равғани зард

Равгани Зард

Инро аз шири ҳайвонот ва ҷурғот ба амал меоваранд. Беҳтарини он равғани гов аст, ки сабуктар мебошад, баъд аз он азони гӯсфанд, ки ин ғализтар мебошад назар ба равғани зарди говӣ. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Ҳарчанд ин кӯҳнатар гардад, рутубаташ мекоҳад ва хушкӣ пайдо …

Прочитайте больше»

Маска (Равған)

Маска

Беҳтарин ва сабуктарини онҳо маскаи гов аст, ки аз саршир гирифта бошанд. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Агар кӯҳна шавад, гармтар мегардад, вале тариаш мекоҳад. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани маска дарунро мулоим мекунад, реш ва моддаҳои нодаркори ҷамъшударо мепазонад ва барои хориҷ шудан муҳайё месозад, баданро фарбеҳ мегардонад, …

Прочитайте больше»

Гандуми девона

Гандуми девона

Гандуми девона — ин донест аз ҷав борик ва майдатар, таъмаш каме талх, рангаш моил ба сурхӣ. Гиёҳаш монанди растании гандум дар гандумзорҳо мерӯяд. Беҳтарини он фарбеҳдонаи он аст, ки кӯҳна нагашта бошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушкиаш зиёда аз ин дараҷа мебошад. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, …

Прочитайте больше»

Лоласурхак

Лоласурхак

Лоласурхак  — инро ба таври оддӣ лола ҳам меноманд. Ин гиёҳест баргаш ва гулаш монанди кӯкнор, вале кӯзаи сараш назар ба кӯзаи кӯкнор хеле майда мебошад, тухмаш ҳам нисбатан резатар. Гулаш одатан панҷ барг дорад, садбаргаш ҳам мавҷуд мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 7 …

Прочитайте больше»

Ҷав

Ҷав

Ҷав — ин дон ва зироати маълум аст. Беҳтарини он сафеди пурраи наваш мебошад. Агар аз як сол гузарад, барои даво қобили истифода нест. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ҳамчун ғизо ин назар ба гандум камтар аст дар қувват. Хӯрдани ҷав ҷӯшиши хун ва сафроро …

Прочитайте больше»

Ширинбия

Ширинбия

Ширинбия — ин гиёҳ ба ҳама маълум аст; дар тиб решаи аз пӯст ҷудо кардашудааш истеъмол мешавад. Таъми решааш ширин, баъзеаш камтар талхӣ низ дорад. Беҳтаринаш он аст, ки шириниаш бисёр ва талхию қабзкунандагиаш хеле кам бошад. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум …

Прочитайте больше»

Тархун

Тархун

Тархун — ин гиёҳро ба забони тоҷикӣ тархонӣ мегӯянд. Тару тозаи онро мардуми сарзамини Эрон монанди кабудиҳои дигар чун: наъноъ, пудина, таратезак (индов) ва монанди инҳо бо нон, ҷурғот, панир ва ғайра мехӯранд. Ин растанӣ навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад. Онро бо усули киштани тухмаш ва қаламчаи шохашро шинонидан месабзонанд. …

Прочитайте больше»