АСОСӢ / Тандурустӣ (страница 34)

Тандурустӣ

Ҳандалак

Ҳандалак

Ҳандалак-ин аз ҷинси харбуза аст, вале майдаи пешпазак, пухтагиаш зард, кабуд, сафед ва ғайра мебошад. Намудаш гирдаки шалғамшакли рахдор аст. Таъмаш ширин аст, хушбӯй. Инро ба забони форсӣ дастанбӯя меноманд. Хислатҳои шифобахши он: бӯидани он ба майна қувват мебахшад ва гиреҳи онро мекушояд. Хом ё пухтагиашро бихӯранд, пешобро меронад, хусусан …

Прочитайте больше»

Кӯкнор

Кукнор

Кӯкнор (Кукнор) — ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад ва ба забони русси онро «Опийный мак» меноманд. Мизоҷи пӯсти кӯзаи он дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст ва афюнаш нагирифтаи он қавитар аз афюнаш гирифташудаи он мебошад. Хислатҳои шифобахши он: пӯсти …

Прочитайте больше»

Шумгиёҳ

Шумгиёх

Шумгиёҳ ( Заразиха — ба забони руссӣ ) — Ин гиёҳест аз ҷинс ва монанди занбӯруғи ба замин фурӯрафта, ки навъҳои сӯрх ва сафед дорад. Гиёҳаш монанди барги печида ғӯлашакл. Ин дар байни нахудзор ва баъзан дар байни палакҳои харбуза ва каду бармеояд. Таъми сурхи он ширин — инро мехӯранд, вале таъми навъи сафеди …

Прочитайте больше»

Зуф

Зуф - Барги зулф

Зуф (барги зулф)- ин растанӣ ду навъ мебошад. Якеро баргаш камбару дароз, аз миёни баргҳояш пояи борике мехезад, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дигареро барг васеъ ва шакли он дароз нест, назар ба барги хели якум калонтар. Агар банди барг ё баргашро аз бандаш ҷудо кунанд, чизҳои риштамонанд …

Прочитайте больше»

Авсаҷ

Авсаҷ

Авсаҷ — ин растаниест, ки бар деворҳо ва панҷараҳо хазида баланд мешавад. Баргаш ба барги гулисурх монанд, вале хору пашмак дорад ва васеътар аст аз он. Мевааш монанди самари мармиҷон ва тути сиёҳ, вале сурх аст. Инро дар диёрҳои мо бисёр парвариш менамоянд. Онро ба забони русӣ земляника мегӯянд. Мизоҷи …

Прочитайте больше»

КУНҶИД

кунҷид

Кунҷид  — ин тухми растании зироатӣ аст, ки аз ин равған мекашанд, онро ба рӯйи нон мемоланд, аз он ҳалво мепазанд ва ғайра. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар бо рутубати часпак, вале дар дараҷаи дувум гарм ва тар низ гуфтаанд. Хислатҳои шифобахши он: хислати часпонандагӣ ва кушояндагии гиреҳҳо дорад. …

Прочитайте больше»

Говзабон

Говзабон

Говзабон — ин гиёҳро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон забони говак низ меноманд. Растании мазкур ҳамаи қисмаш пашмаки дурушти хормонанд дорад. Баргаш калон ва дароз, монанди забони гов шахшӯл бо пашмакҳои дағали хормонанд, ки бар рӯйи замин густарда мебошад. Гиёҳи баҳориаш агар баргаш нав бошад, сабзи ба зардӣ моил, вале …

Прочитайте больше»

Печак

Печак алаф - растанаи

Печак ин гиёҳест, ки ҳар чӣ наздикаш бошад, ба он мепечад. Намудаш гуногун: сафед, сурх, зард ва бунафш аст. Тухмаш дар ғилофе сиёҳи моил ба сурхӣ ва қисме аз он бесамар мебошад. Биёраи ҳамаи навъҳои печак ширдор аст. Беҳтарини печакҳо қисми майдаи он аст. Ба забони руссӣ печакро «Вьюнок» меноманд. …

Прочитайте больше»

ТУРШАК БАРОИ ДАРМОНИИ БАДАН

туршак

Туршак — инро дар боғот зироат мекунанд ва дар ҳолати хомиаш мехӯранд. Таъмаш турш аст. Ин растаниро ба русӣ щавель меноманд. Мизоҷаш дар дараҷан якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: оби баргҳои туршакро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва даруни даҳанро бод хӯрда бошад, шифо мебахшад. …

Прочитайте больше»

ҚӮНОК

Кунок

Қӯнок — ин растании зироатист ва донҳои он дар сараш, ки ғӯлашакл ва бо ғафсии калтаки чӯпонон, дарозиаш то 20 сантиметр аст. Майсааш гӯё ба қилҳои кӯтоҳак мемонад, ранги хӯшаи сараш сурхи ҷигарӣ, пӯсти донҳояш ҳам бо чунин ранг аст. Андозаи донҳояш аз арзан майдатар, ялаққосӣ ва сахт мебошад. Ҳамчун …

Прочитайте больше»