АСОСӢ / Маориф / АДАБИЁТИ ҶАДИДИЯ ВА НАМОЯНДАГОНИ ДИГАРИ АДАБИЁТ

АДАБИЁТИ ҶАДИДИЯ ВА НАМОЯНДАГОНИ ДИГАРИ АДАБИЁТ

Дар адабиёти ҷадидия анъанаи тазкиранависй давом ёфт. Аз ҷумла, Ҳоҷй Неъматуллоҳи Муҳтарам дар «Тазкират-уш-шуаро» (1908) дар бораи 175 шоир, Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» (1905­07) роҷеъ ба 200 шоир[1], Мирзо Салимбек дар иловаи «Туҳфат-ул- аҳбоб фи тазкират-ул-асҳоб»-и Возеҳ (1914) дар бораи 87 шоир мухтасаран маълумот додаанд, ки ба ин ҷумла шоирони адаби- ёти ҷадидия низ шомиланд. Махсусан, дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С.Айнӣ, ки соли 1926 дар Маскав ба табъ расид, роҷеъ ба адибони аҳди ҷадидия маълумоти амиқу муфассал дода шуда- аст. Тазкираҳои номбурда барои омӯхтани адабиёти ин давра чун сарчашмаи муҳимми адабӣ хидмат мекунанд.

Адибони ин давраро аз рӯйи тарзи ифода ва сухангустарӣ ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи аввал шоирон Нақибхони Туғрал (1865-1919), Ҳоҷӣ Ҳусайнӣ Кангуртӣ (1868-1917), Зуфар- хон Ҷавҳарӣ (1860-1945), Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ (1861­1910), Сайидаҳмади Васлӣ (1870-1925) шомиланд, ки то охир ба сабку услуби эҷоди классикони адабиёти тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил содиқ мондаанд. Ҳунари волои нигорандагии онҳо аз тарафи тазкиранависони давр эътироф шудааст.

Шоирони номбурда осори гаронбаҳо боқӣ гузоштанд. Ашъори онҳо гувоҳ бар он аст, ки дар адабиёти давраи ҷадидия анъанаи назми классикии тоҷик мавқеи босазо дорад. Ин чанд байт гувоҳи истеъдоди волои Ҷавҳарӣ мебошад:

Ранге шикан аз чеҳра ба савдояшу зар гир, Ашке бифишон дар ғамаш аз чашму гуҳар гир. Оҳе, ки кашӣ, турраи шоми тараб ангор, Гарде, ки кунад гул зи нафас, файзи саҳар гир… Рашҳе,[2] ки чакад аз қалами Ҷавҳарии мо, Шаҳвораи гӯши худ аз он лӯълӯи тар гир.

Ба гурӯҳи дувум адибон Сайидаҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ (1864-1927), Тошхоҷаи Асирӣ (1864-1916), Садри Зиё (1867- 1932), Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877-1912), Садриддин Айнй (1878-1954), Абдуррауфи Фитрат (1886-1938), Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1877-1934), Аҳмадҷони Ҳамдй (1875-1946), Саҳбо (1850-1918), Маҳмудхӯҷаи Беҳбудӣ (1875-1919) барин адибон шомиланд. Эҷодиёти онҳо дар марҳалаи оғози бедории андеша ва худогоҳии миллӣ ба вуҷуд омада, фарогири мавзӯъ ва масъалаҳои доғи рӯз буд.

Адибони аҳди ҷадидия масъалаҳоеро, ки Мавзӯъҳои адибони маорифпарвар ба миён гузошта бу- адабиёт данд, боз ҳам ҷиддитар мавриди баррасӣ қарор доданд. Сафар ба мамлакатҳои Шарқу Ғарб, таваҷҷуҳ ба манбаъҳои иттилоотӣ ва адабиёти илмию бадеии халқҳои дигар онҳоро водор мекард, ки худ ба омӯхтани забонҳои арабӣ, русӣ, туркӣ, ӯзбекӣ, озарӣ кӯшиш намоянд ва аҳамияти забономӯзиро дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии мардуми тоҷик нишон диҳанд. Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» аз тарафи Содиқхоҷаи Гулшанӣ басо хуб аз худ намудани забони русиро чу- нин таъкид кардааст:

Бад-он поя донад забони расӣ,

Бад-он поя дониш ту худ кай расӣ.

Аҷзии Самарқандӣ дар «Миръоти ибрат» (1913) ном аса- раш ободии кишвар ва бомаърифат гардидани халқи тоҷикро ба омӯхтани забон, махсусан забони русӣ вобаста мекунад. Ба қавли шоир омӯхтани илмҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои тиҷорат, тиб, ҳикмат, ихтироъҳои техникию иттилоотӣ ба туфайли омӯхтани забони русӣ ба кас муяссар мешавад ва забондонӣ аз хуб дониста- ни забони модарӣ сарчашма мегирад:

Агар сесад забон донӣ, фузун нест, Ҳама рӯзе ба кор ояд, зарар чист? Надонӣ гар забони давлати худ, Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Дар эҷодиёти намояндагони адабиёти ҷадидияи тоҷик мавзӯи мактабу маориф мавқеи муҳим дошт. Аҷзии Самарқандӣ дар маҷмӯаи «Ганҷинаи ҳикмат» ва достони «Миръоти ибрат» борҳо ин мавзӯъро мавриди тасвир қарор додааст ва баъди сафар (солҳои 1901-1903) дар қарияи Ҳалвой, ки дар даҳкилометрии шаҳри Самарқанд қарор дошт, худ мактаби нав мекушояд.

Шеър дар эҷодиёти шоирони аҳди ҷадидия аз ҷиҳати ифода сода шуд. Шоирон дар ифодаи мавзӯъҳои рӯзмарраи мактабу ма- ориф, бедории миллй, ватандорӣ, муносибатҳои нави фарҳангиву иҷтимоӣ бештар аз забони содаву баёни шево истифода мекар- данд. Дар ғазали зерини Аҳмадҷони Ҳамдӣ калимаҳои нави ба ҳаёти мардум воридгардида басо ҷолибу дилкаш истифода шу- даанд:

Рӯйи чаманат хандазани Пориҷу Маскав, Мӯйи фитанат таънадеҳи Ботуму Варшав. Дар нозукӣ, ай рашки бутони загаронич[3], Дар чобукӣ, ай ғайрати хубони Фарансав… Ай атри гул аз накҳати мӯйи ту парастуй[4], Аз тобиши мӯят гули атрӣ шуда фалшав[5]. Чун нест ба мо дигар аз ин қофия, Ҳамдӣ, Бояд ки заказ карда биёрем зи Маскав.

Номҳои Пориҷ (Париж), Маскав, Ботум (Батуми), Варшав (Варшава), Фарансав (Фаронса) ва калимаҳои «загаронич», «парастуй», «фалшав», «заказ» чун рамзи муносибатҳои нави фарҳангиву иҷтимоӣ аз пайдо шудани услуби тозаи тасвир дар шеър дарак медиҳанд.

Дар адабиёти ҷадидия қариб ҳамаи шаклҳои шеъри тоҷикӣ (чун ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, фард ва ғайра) истифода шудаанд. Дар баробари ин, дар ин давра кӯшиши қолабшиканӣ дар вазни шеър низ мушоҳида мешавад. Ин тағйироти мазмуниву шаклиро Садри Зиё бо истилоҳи шеъри нав ифода кардааст:

Аз он софтабъон, ки худ моҳиранд, Валекин раҳи шеъри нав биспаранд.

Дар адабиёти ҷадидияи тоҷик дар баробари асарҳои манзум асарҳои насрӣ низ ба вуҷуд омаданд ва дар онҳо мавзӯъҳои асосии давр мавриди баррасй қарор гирифтанд. Абдуррауфи Фитрат дар «Мунозара», «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ», «Раҳбари наҷот», «Ойила ё худ вазоифи хонадорӣ» ва Мирзо Сироҷи Ҳаким дар «Туҳафи аҳли Бухоро» ном асарҳояшон ақидаҳои маорифпарварӣ ва равшангароии хешро хеле хуб ифода намудаанд.

Падидаи дигар дар адабиёти ҷадидияи тоҷик мавқеъ пайдо кардани тарҷума ва ба дигар забон таълиф намудани асар мебо- шад. Тарҷумаҳои қиссаи «Шинел»-и нависандаи рус Н.В.Гогол (мутарҷим Аҷзии Самарқандӣ) ва романи «Мусулмонони дорурроҳат»-и нависандаи тотор Исмоилбеки Гаспаринский (мутарҷим Абдуррауфи Фитрат) бо равонии забону фасеҳияти баён намунаи беҳтарини тарҷумаҳои бадеӣ ба шумор мераванд.

Ҳамчунин, аксари адибони равияи ҷадидия ба забонҳои туркӣ, ӯзбекӣ, озарӣ асарҳо офаридаанд. Нахустин асарҳои саҳнавӣ низ дар адабиёти аҳди ҷадидия ба вуҷуд омаданд. Маҳмудхӯҷаи Беҳбудӣ соли 1911 драмаи «Падаркуш»-ро ба забони ӯзбекӣ эҷод кард. Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода соли 1914 бо ҳамкории Нусра- тулло ибни Қудратулло пиесаи «Тӯй»-ро навишт.

Намояндагони адабиёти ҷадидия дар давраи душвори сиёсӣ умр ба сар мебурданд. Доираи адабии Бухоро аз даҳаи дую- ми асри ХХ бар асари воқеаҳои мудҳиши апрели соли 1917 ва марти соли 1918 рӯ ба таназзул ниҳод. Адибоне чун Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайн, Зуфархон Ҷавҳарӣ ба вазъи ноо- роми шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд муросо карда натавониста, рӯ ба зодгоҳашон (деҳаи Зосуни қарияи Заҳматобод, Кангурт ва Истаравшан) оварданд. Баъдтар С.Айнӣ, А.Фитрат, А. Ҳамдӣ, А.Мунзим ба хориҷи Бухоро — Самарқанд ва Тошканд паноҳ бур- данд. Мирзо Ҳаити Саҳбо ва Маҳмудхӯҷаи Беҳбудӣ аз тарафи амири Бухоро ба қатл расиданд.

Баъзе намояндагони адабиёти тоҷик ба дигар кишварҳои Шарқ ҳиҷрат намуда, ба доираҳои адабии он кишварҳо пайвас- танд. Яке аз равшанфикрони тоҷик Ҳошим Шоиқ (1883 — 1954), ки таҳсилдидаи шаҳрҳои Анқараву Истамбули Туркия буд, соли 1921 аз Бухоро ба Афғонистон сафар карда, ба доираи ада- бии Кобул пайваст ва то соли 1954 дар рушду такомули ин до- ираи адабӣ саҳм гирифт. Ё худ Холмуҳаммади Хаста (1902-1972) солҳои 20-уми асри ХХ аз Бухоро аввал ба Афғонистон ва баъд ба Ҳиндустон сафар карда, ба доираҳои адабии Ҳайдаробод, Лоҳур, Пешовар пайваст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи хусусият ва мавқеи адабиёти маорифпарварии тоҷик маълумот диҳед.
  2. Адабиёти ҷадидияи тоҷик кадом солҳоро дар бар мегирад?
  3. Ба гурӯҳи аввали суханварони адабиёти ҷадидия кадом адибон шо- миланд? Ба гурӯҳи дувум-чӣ?
  4. Мавзӯъҳои асосии адабиёти ҷадидияро номбар кунед.
  5. Чаро Аҷзӣ хонандаро ба омӯхтани илмҳои табиӣ ва забонҳои ҷаҳон даъват кардааст ?
  6. Боз кадом хусусияти адабиёти ҷадидияро медонед?
  7. Доираи адабии Бухоро кай рӯ ба таназзул овард ва такдири минбаъ- даи адибони ин доираи адабӣ чӣ шуд ?

САВОЛҲОИ ТЕСТӢ

  1. Ин порчаи шеърӣ ба қалами кадом шоир тааллук, дорад?

Агар сесад забон донӣ, фузун нест, Ҳама рӯзе ба кор ояд, зарар чист? Надонӣ гар забони давлати худ, Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

  1. Садриддин Айнӣ;

Б) Абдулвоҳид Мунзим;

  1. Содиқхоҷаи Гулшанӣ;

Г) Аҷзии Самарқандӣ;

Ғ) Тошхоҷаи Асирӣ.

  1. Истилоҳи шеъри нав бори аввал дар кадом асар истифода шуда- аст?
  2. Дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ;

Б) Дар «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё;

  1. Дар «Ганҷинаи ҳикмат»-и Аҷзии Самарқандӣ;

Г) Дар «Раҳбари наҷот»-и Абдуррауфи Фитрат;

Ғ) Дар «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким.

[1]   Таҳрири охири «Тазкори ашъор»-и манзум мухтасар буда, оид ба 49 шоир маълумот медихад.

[2]   Рашҳ — таровиш, он чӣ, ки метаровад.

[3]   Загаронич — русии заграничный, яъне, хориҷӣ.

[4]   Парастуй — русии простой, яъне, одӣ.

[5]   Фалшав — русии фальшивый, яъне, сохта, сунъӣ.

Назди admin

Инчунин хонед инро

vose

РОМАНИ «ВОСЕЪ» аз кист?

Шӯриши Восеъ соли 1888 дар Бухорои Шарқӣ ба амал омада, пояи ҳукумати Манғитияро ба ларза …